ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон ХIV-умин ҷаласаи комиссияи байнидавлатӣ оиди ҳамкориҳои ҳарбӣ-иқтисодии СПАД таҳти раёсати муовини нахуствазири ФР Дмитрий Рогозин баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии созмон.
Ҷаласа 20 майи соли 2016 дар душанбе доир мегардад. Дар кори комиссия Дабири кулли Созмони Паймони амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Николай Бордюжа иштирок менамояд.
Мувофиқи маълумотнома дар ҷаласа низоми ҳамкориҳои ташкилотҳо, ки ба рӯйхати "Ширкатҳо ва ташкилотҳое, ки бо мақсади тақвият додани ҳамкориҳои ҳарбию иқтисодӣ миёни кишварҳои аъзои СПАД" фаъолият доранд муҳокима мегардад.
"Дар баробари ин дар ҷаласаи навбатӣ масъалаҳои илмӣ техникӣ, истеҳсолӣ ва комплексҳои ҳарбӣ-саноатии кишварҳои аъзо баррасӣ мегарданд",-омадааст дар иттилоия.
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир кишварҳои Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус ба ин ташкилот шомиланд. Ҷумҳурии Ӯзбакистон соли 1999 аъзогиашро дар созмон ба таври якҷониба қатъ кард.