ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Варзишгарбонуи маъруфи тоҷик Мавзуна Чориева дар аввалин даври қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Остона бар Вен Линг Чен аз Тайван пирӯз шуд, иттилоъ медиҳад Федератсияи бокси Тоҷикистон.
"Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012-и Лондон, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки дар Остонаи Қазоқистон идома дорад, дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 60 кило бар рақибаш Вен Линг Чен аз Тайван пирӯз шуд",- меафзояд манбаъ.
Дар ин сабқат, ки шоми дирӯз сурат гирифт, Мавзуна бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Рақиби Мавзуна дар даври навбатӣ, ки бегоҳи шанбеи 21 май барпо мегардад, Яна Алексеевна аз Озарбойҷон мебошад.
Бояд гуфт, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки рӯзи 19 май дар маҷмааи варзишии "Барис — Арена"-и пойтахти Қазоқистон (шаҳри Остона) оғоз ёфт, Тоҷикистонро ду варзишгар намояндагӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Шоира Зулқайнарова, муштзани дигари тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқа ба нокомӣ дучор шуд. Ӯ дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 75 кило қувваозмоиро ба рақибаш Сараҳ Шеурих аз Олмон бохт.
Ҳамин тавр, Зулқайнарова аз шонси охирин истифода карда натавонист ва аз роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум шуд.