ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Ду варзишгари тоҷик Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқайнарова рақобатро барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии 2016 дар сабқати қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар Остона идома хоҳанд дод, менависад сомонаи КМО ҶТ.
"Ин мусобиқа аз 19 то 27 май дар маҷмааи варзишии "Борис-Арена"- и шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуда, дар он беш аз 320 варзишгар аз 73 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард",- меафзояд манбаъ.
Дабири кулли Федератсияи бокси Тоҷикистон Бобоҷон Маҳмадрасулов аснои суҳбат бо хабарнигорон гуфт, Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон, дар вазни то 60 кило ва Шоира Зулқайнарова, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар вазни то 75 кило мебошанд.
"Ин баромади Мавзуна ва Шоира шонси охиринашон барои дарёфти роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпист",- қайд кард ӯ.
Маросими ифтитоҳи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар маҷмааи "Борис-Арена"-и пойтахти Қазоқистон шоми имрӯз баргузор мешавад
Ёдрас менамоем, дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон танҳо Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии 2016 дар Рио де-Жанейро аст. Гӯштигири шинохта Комроншоҳи Устопириён низ имтиёзҳои зарурӣ барои дарёфти роҳхати олимпиро ба даст овардааст, вале ширкаткунандагони олимпиадаи Рио дар риштаи дзюдо охири моҳи май эълон хоҳанд шуд.