БМТ барои “Тоҷиксодиротбонк” маъмурияти муваққатӣ таъин намуд

© SputnikБонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъалаи наҷот додани “Тоҷиксодиротбонк” ҳанӯз як моҳ қабл дар мулоқот бо як ҳайати вижаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва масъулини Бонки миллӣ матраҳ шуда буд.

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 48, 49 ва 50-и Қонуни ҶТ "Дар бораи БМТ" ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии   "Тоҷиксодиротбонк", инчунин ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони он бо қарори навбатии худ дар бонки зикршуда маъмурияти муваққатӣ ба муҳлати то се моҳ таъин намуд.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии БМТ, мутобиқи қарори қабулшуда ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи сохторҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. 

Барои идораи "Тоҷиксодиротбонк" мудирияти муваққатӣ равон карда, Мирзоҳаёт Ёдгоровро роҳбари ин бонк таин кардааст.

Зимнан, ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, барои беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" чораҳои зарурӣ андешад.

Терминалҳои қабули пардохтҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Терминалҳо дар Тоҷикистон бояд иҷозатномаи БМТ-ро дошта бошанд

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба қавли як масъули баландпояи "Тоҷиксодиротбонк" навиштанд, таъини мудирияти муваққат ба хотири дастгирии бонк ва баровардани он аз буҳрон мебошад  ва Мирзоҳаёт Ёдгоров ба муҳлати 3 моҳ ҳамчун роҳбари "Тоҷиксодиротбонк" кор мекунад.

Масъалаи наҷот додани "Тоҷиксодиротбонк" ҳанӯз як моҳ қабл дар мулоқот бо як ҳайати махсуси Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва масъулини Бонки миллии кишвар матраҳ шуда буд.

Ба иттилоъи расида, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки дар Тоҷикистон беш аз 300 милилон евро сармоягузорӣ карда, аз ҷумлаи саҳҳоми чанд бонки дигар дар Тоҷикистон аст, метавонад ба саҳмияҳои "Тоҷиксодиротбонк" низ соҳиб бишавад.

"Тоҷиксодиротбонк" яке аз чор бонки бузурги кишвар аст, ки 20-30 дарсади низоми бонкии кишварро дар даст дорад. Моликони аслии "Тоҷиксодиротбонк" ширкатҳои  ҶСК "Евразия", "Мелодиён " ва "Эҳсон" мебошанд, ки аввалӣ беш аз 58 дарсади саҳмияҳои бонк ва дуи дигар дар алоҳидагӣ 11 фоизи саҳмияҳои бонкро дар ихтиёр доранд. 

Лентаи хабарҳо
0