Терминалҳо дар Тоҷикистон бояд иҷозатномаи БМТ-ро дошта бошанд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкТерминалҳои қабули пардохтҳо. Акс аз бойгонӣ
Терминалҳои қабули пардохтҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон қариб 4 ҳазор соҳибкор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нуқтаҳои терминалӣ доранд, ки ба таври худкор (автоматӣ) аз шахсони воқеӣ пардохт қабул мекунанд.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Фаъолияти терминалҳоро аз ин ба баъд Бонки миллии Тоҷикистон идора хоҳад кард.

Вакилони палатаи поёнии парлумон барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҷумҳурӣ "Дар бораи додани иҷозатнома ба баъзе намудҳои фаъолият" якдилона овоз доданд.

БМТ: вазъи бозори асъор дар кишвар мӯътадил аст

Ба гуфти раиси БМТ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, акнун соҳибони терминалҳо, ки қабули маблағро дар намуди худхизматрасонӣ ба роҳ мондаанд, вазифадор мешаванд, барои идома додани фаъолияташон аз Бонки миллӣ иҷозатнома гиранд.

Тибқи маълумоти Бонки миллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз 3,9 ҳазор шаҳрванд соҳиби нуқтаҳои қабули пардохт (терминал) мебошанд.

Ҳамчунин ташкилотҳои қарздиҳӣ  чун "бонкҳои исломӣ" (хизматрасонии бефоиз-шарҳ аз идора), низ вазифадор мешаванд, то барои идомаи фаъолият иҷозатнома бигиранд.

 

Лентаи хабарҳо
0