ВАО: Эмомали Раҳмон роҳбари гурӯҳи СММ оиди захираҳои обӣ интихоб шуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Раҳмон зимни ҷаласаи ҳукуматӣ дар Душанбе. 21 январи соли 2016
Эмомали Раҳмон зимни ҷаласаи ҳукуматӣ дар Душанбе. 21 январи соли 2016 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Иҷлосияи 72-юми раёсати Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ба муддати як сол ба ӯҳдаи Тоҷикистон гузошта шуд.

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон роҳбари гурӯҳи СММ оиди захираҳои обӣ ба муддати як сол интихоб гардид, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба оҷонсии миллии Тоҷикистон "Ховар".

Дар Иҷлосияи 72-юми раёсати Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ба муддати як сол ба ӯҳдаи Тоҷикистон гузошта шуд. Созмон соли 1947 таъсис ёфта  масъалаҳои иҷтимоию иқтисодиро дар минтақа ҳаллу фасл намуда  ҳамчунин ба тайёр намудани кадрҳои ҷавон машғул аст.

Бунёди ҷӯйбори обёрӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон барои татбиқи тарҳҳои марбути об $1,6 миллиард гирифтааст

"Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором Ахтар Шамшод дар суханронии худ раисҷумҳури Тоҷикистонро бо интихоб шудан ба ҳайси роҳбари гурӯҳи СММ оид ба зухираҳои об табрик намуда, қайд намуд, ки нақши Тоҷикистон дар масоили истифодаи об бузург аст"-гуфта мешавад дар хабарнома.

Ба ҳайати Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором 53 кишвар дохил буда, 9 аъзои дигар, ки ба ҳайати СММ дохил нестанд, низ дар ҳайати ин созмон қарор доранд. Русия баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ки шурӯъ аз соли 1947 ба ин комиссия дохил буд, аъзои  Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором гардид.

 

Лентаи хабарҳо
0