ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Дар ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъоварии ҳосили пилла торафт авҷ гирифта, кирмакпарварони шимоли кишвар нақша доранд, ки уҳдадориашонро қабл аз муҳлат иҷро намоянд.
Тибқи иттилоъи идораи "Пилла"-и вилоят, кирмакпарварони минтақа парвариши 14 ҳазору 622 қуттӣ кирмаки навъи чиниро ба роҳ монда, нақша доранд 658 тонна ҳосил ба даст биёранд.
Дар ин замина, дар вилоят вобаста ба иқлими минтақавии ноҳияҳо тақсими қуттиҳои кирмак аз даҳаи дуюми моҳи март то даҳаи аввали моҳи апрел ҷараён ёфта, ҳоло дар 12 ноҳияи вилоят парвариши кирмак идома дорад.
Манбаъ меафзояд, шурӯъ аз охири моҳи апрел дар се минтақаи вилоят: ноҳияҳои Конибодом, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров супоридани ҳосили пилла оғоз гардид. То 17 май кирмакпарварони ноҳияи Конибодом ба хирмани давлат 74 тонна пилла супориданд, ки он ба 77% нақша баробар аст.
Кишоварзони ноҳияи Спитамен 82 тонна ё 67% ва ноҳияи Б.Ғафуров ба андозаи 67 тонна ё 41%-и нақша пилла супориданд. Дар маҷмӯъ, дар вилоят ин нишондод ба 293 тонна ё 45%-и нақша баробар аст.
Ба иттилои манбаъ, парвариш ва корҳои нигоҳубини агротехникии кирмакхобонӣ дар сатҳи хуб қарор дошта, ҳосилгирӣ аз ҳар як қуттӣ 45,8 кг-ро ташкил дода, беш аз 15 ҳазор сокинон ба ин кор машғуланд.
Ҳамчунин, барои назорати риояи қоидаҳои кирмакпарвариву агротехникӣ, додани маслиҳатҳои саривақтӣ дар ҷойҳо 237 мутахассиси соҳаи кирмакпарварӣ фаъолият доранд.