ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Кишоварзони ноҳияи Тоҷикобод нақша доранд, ки соли равон дар майдони беш аз 2000 гектар зироатҳои ғалладонагӣ, 1108 гектар картошка, 88 гектар зироати техникӣ, 330 гектар сабзавот кишт кунанд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати кишоварзӣ.
Бо ин мақсад дар ҳудуди ноҳия наздики 80 тонна тухмии ғалла, 1660 тонна тухмии картошка мавҷуд буда, дар ҳамаи сохторҳои кишоварзӣ эҳтиёҷ ба тухмии ғалла 70 тонна ва картошка 1400 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳия маъракаи сабзазоркунӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад ва 71 ҳазор бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда шинонда шуд, ки иҷрои нақшаро 100 фоиз таъмин менамояд.
Манбаъ мегӯяд, то ин муддат дар ноҳия 3 гектар боғи интенсивӣ бунёд ва 8 гектар боғи куҳна барқарор карда шудааст.
Мувофиқи нақша имсол бояд дар майдони 20 гектар боғи нав бунёд шавад, ки ҳоло 12 гектар боғи нав бунёд гардида, дар ин самт корҳо бомуваффақият идома доранд.