Кишварҳои СПАД низоми дифоъи ҳарими ҳавоиро нав мекунанд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкТамриноти муштараки Неруҳои вокуниши сареъи СПАД "Ҳамкорӣ-2015"
Тамриноти муштараки Неруҳои вокуниши сареъи СПАД Ҳамкорӣ-2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷараёни ҳамоиш якчанд омилеро, ки ба рушди назариявӣ ва амалии Низоми дифоъ аз ҳамлаҳои ҳавоии Неруҳои вокуниши сареъи СПАД таъсири назаррас доранд, муайян карданд.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Дар шаҳри Смоленски Русия конфронси байналмиллалии илмӣ-низомӣ дар масъалаҳои ташкили Низоми ҳамлаи зиддиҳавоии Неруҳои вокуниши сареъи СПАД баргузор гардид, омадааст дар сайти ниҳоди мазкур.

Дар ҷараёни ҳамоиш якчанд омилеро, ки ба рушди назариявӣ ва амалии Низоми дифоъ аз  ҳамлаҳои ҳавоии Неруҳои вокуниши сареъи  СПАД таъсири назаррас доранд, муайян карданд.

Ин омилҳо, аз қабили нақшаи ҳамлаҳои ҳавоӣ, истифодаи мунтазами дастгоҳҳои вижаи идорашаванда, истифодаи васеъи нақлиёти ҳавоии бесарнишин ва чархболҳои ҳарбии радиолакатсионӣ мебошанд.

Ширкатдорони конфронс қайд намуданд, ки роҳҳои ташкилкунии  кори зерсистемаҳо бо душмани ҳавоӣ, "пурра " ба талабот замона ҷавобгӯ нестанд.

Қайд мешавад, ки дар конфронс зиёда аз 250 нафар: намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД, таҳиякунандагони силоҳ ва таҷҳизоти муосир ширкат доштанд.

Лентаи хабарҳо
0