ДУШАНБЕ, 16 май- Sputnik. Дар ҳоли ҳозир Сафорати Тоҷикистон дар мавриди даст доштани кадом гуруҳ ва ашхоси муайян дар муноқишаи гӯристони "Хованское"-и шаҳри Маскав иттилоъи дақиқ рӯи даст надорад.
Сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ мегӯяд, маълумоти дар бархе аз расонаҳо нашршуда, ки "гӯё гурӯҳи ҷиноятпеша аз миёни худи тоҷикон иборат буд" ба ҳақиқат наздик нест.
"Айни ҳол мо натиҷаи тадқиқоти парвандаро, ки дар он намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон низ иштирок мекунанд, интизорем. Ҳоло дар бораи хулосаи ин кор сухан гуфтан барвақт аст, аммо ҷабрдидагон изҳор доштанд, ки ба онҳо тоҷикон ҳамла накардаанд, ин аниқ аст", —изҳор дошт оқои Бахтӣ.
Ба қавли ӯ, ба ҳамаи ҷабрдидагон аз ҷониби Сафорати ҶТ дар ФР кӯмак расонида мешавад.
"Мо ҳамватанони худро "намепартоем"- афзуд ин масъули сафорат.
Ҷаноби Бахтӣ қайд кард, ки қазияи мазкур таҳти назорати муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия қарор дорад ва барои муайян намудани сабабҳои муноқиша вақт лозим аст.
Ҳамчунин ӯ гуфт, дар умум 90 нафар дастгир шуда, 21 шаҳрванди Тоҷикистон озод то ин соат аз боздошт раҳо гардидаанд. Се шаҳрванди ҷумҳурӣ бошанд, баъди муноқишаи гӯристони "Хованское" дар бемористон қарор доранд.
Ёдовар мешавем, дар гӯристони мавсум ба "Хованское"-и пойтахти Русия рӯзи шанбе занозании гуруҳӣ ба вуқӯъ пайваст. Мувофиқи маълумотҳо дар он аз 200 то 500 нафар иштирок кардаанд. Аснои амалиёти пулис беш аз 100 нафар дастгир гардиданд.
Бар асари ин муноқиша се нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамаи онҳо шаҳрвадони Тоҷикистон, сокинони шаҳри Роғун мебошанд. Инҳо: Хушаков Суҳроб Таваралиевич соли таваллудаш 1990, Ризоев Иноят Қаноатович, соли таваллудаш 1977 ва Собиров Сайнуриддин Нозилович, соли таваллудаш1974 буданд.