ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Рӯзи дави миллӣ бо иштироки афроди синну соли мухталиф дар саросари Тоҷикистон доир гардид ва ба гуфтаи масъулон, дар он тақрибан ҳудуди 400 ҳазор нафар афроди касбу кори гуногун ширкат карданд.
Танҳо дар шаҳри Душанбе ҳудуди 40 ҳазор нафар дар дави миллӣ иштирок намуданд.
Тибқи иттилоъи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, сокинони пойтахт дар ин мусобиқа ҳудуди беш аз 10 километрро тай карда, аз маҳаллаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб то майдони "Наврӯзгоҳ" миёни ҳам рақобат карданд.
Дар дави миллӣ намояндагони аксари корхонаву ташкилотҳо ширкат намуданд ва ба гуфтаи масъулин, донишҷӯёни макотиби олӣ аз ҳама фаъолтар буданд.
Дар ин маърака ғолибон муайян намегарданд ва он танҳо ба хотири оммавияти варзиш ихтисос дода шудааст.
Дави миллӣ бо фармони президенти Тоҷикистон сар аз соли 2007 ҳар сол якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ барпо мегардад.