ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон чун ҳамасола ҷашни варзишии —Дави миллӣ доир мегардад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Душанбе.
Чорабиниҳои варзишӣ дар доираи рӯзҳои ҷавонон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Иштирокчиёни дави миллиро мебояд дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ масофаи 3,5 ё 10 км роҳро тай намоянд.
Дар пойтахт варзишгарон давиданро аз Чорбоғ шурӯъ карда то тарафи рости Наврӯзгоҳ идома медиҳанд. Нафароне, ки аввалин шуда ба хатти марра мерасанд бо мукофотҳои қимматбаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар Дави миллӣ чун анъана ҳамаи табақаҳои ҷомеа, аз ҷумла намояндагони мақомотҳои давлатӣ, идораҳо, ширкатҳои хусуӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ иштирок хоҳанд кард.