ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бо ширкати роҳбарони Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон маросими оғози татбиқи тарҳи CASA-1000 сурат мепазирад.
Тибқи иттилоъи расмӣ дар маросими ифтитоҳи татбиқи пружаи мазкур Эмомалӣ Раҳмон,раисҷумҳури Тоҷикистон, Муҳаммад Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ва Сооронбой Жээнбеков,нахуствазири Қирғизистон ширкат хоҳанд кард.
Сармоягузорони аслии ин тарҳ Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои саҳмгузорӣ дар бунёди хатти интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон изҳори омодагӣ кардаанд.
CASA-1000 яке аз тарҳҳои муҳими минтақавӣ аст, ки интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад. Арзиши умумии тарҳи CASA-1000 ҳудуди 1 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Интизор меравад, марҳилаи аввали бунёди CASA-1000 хатти интиқоли нерӯи барқи 500-киловаттӣ аз Даткаи Қирғизистон то Хуҷанди Тоҷикистон сохта ва системаи энержии ин ду кишварро ба ҳам пайваст кунад. Сипас, аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва тавассути ин кишвар ба шаҳри Пешовар дар шимоли Покистон хатти интиқоли нерӯи барқ бунёд хоҳад шуд.