Боздошти намояндагони “Парлумони мардумӣ” дар Бишкек

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкБинои "Кохи сафед" дар Бишкек. Акс аз бойгонӣ.
Бинои Кохи сафед дар Бишкек. Акс аз бойгонӣ. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон дар қораи Осиёи Марказӣ аз демократитарин кишварҳои минтақа эътироф гардида, коршиносон вазъи сиёсиро дар ин кишвар мӯътадил арзёбӣ мекунанд.

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Дар шаҳри Бишкек, пойтахти ҷумҳурии Қирғизистон се узви иттиҳоди ҷамъиятии "Парлумони мардумӣ" боздошт шудаанд, иттилоъ медиҳанд расонаҳои қирғизӣ.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эълон доштааст, ки алайҳи роҳбар ва ду аъзои дигари ин созмон бар асоси моддаҳои КҶ ҶҚ "Омодагӣ барои ғасби ҳукумат аз роҳи зӯроварӣ" ва "Омодагӣ барои истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндагони давлат" парванда боз гардидааст.

Бишкек. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чинибой Турсунбоев раиси парлумони Қирғизистон интихоб шуд

Тавре натиҷаҳои тафтишоти пешакӣ нишон додааст, аъзои боздоштшудаи созмони мазкур гӯиё тасмим гирифтаанд бо баргузории тазоҳуроти оммавӣ ва барҳам задани суботи сиёсию иҷтимоӣ дар Қирғизистон аз роҳи зӯроварӣ ҳукуматро ғасб кунанд.

Инчунин маълум шудааст, ки онҳо ният доштаанд, барои расидан ба ҳадафҳояшон дар баробари кормандони давлатӣ аз хушунат ва силоҳ истифода кунанд.

Қаблан муассисони "Парлумони мардумӣ" аз тасмимашон барои баргузории тазоҳурот бо иштироки 20 ҳазор одам дар майдони марказии "Ала-Ото"-и Бишкек хабар дода буданд.  

Лентаи хабарҳо
0