ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Парлумони Қирғизистон рӯзи чоршанбе бо аксарияти овозҳо роҳбари ҷиноҳи ҳизби президентӣ ҲСДҚ Чинибой Турсунбоевро раиси парлумони кишвар интихоб намуд, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Натиҷаҳои интихобот нишон доданд, ки ба тарафдории Турсунбоев 88 вакил овоз додааст.
Турсунбоев 55 сол дошта, ду маротиба вакили парлумон интихоб гардидааст. Ӯ номзади илмҳои филологӣ буда, ба ҳайси рӯзноманигор низ фаъолият кардааст, ҳамчунин хабарнигори "Радиои Озодӣ" дар Туркия будааст.
Раиси ҷадиди парлумони Қирғизистон бо фаъолияти эҷодии худ маъруф аст. Ӯ муаллифи чандин маҷмӯъа буда, даҳҳо асарҳои нависандагони туркро ба забони қирғизӣ тарҷума кардааст. Вале солҳои охир ба тиҷорат машғул шуда, яке аз ширкатҳои бузурги ордбарориро бунёд намудааст.
Дар ҳоли ҳозир 6 ҳизби сиёсӣ намояндагони худро вориди парлумони Қирғизистон кардаанд. ҲСДҚ, "Қирғизистон", "Ата-Мекен" ва "Онугуу-Прогресс"-дар парлумон эътилоф таъсис додаанд. Ба ду ҳизби дигар, "Республика-Ата-Журк" ва "Бир-Бол" эътилофи ақаллияти мухолифин дохил ҳастанд. Ҳизби Сотсиал-Демократии Қирғизистон (ҲСДҚ) дорои бештарини курсиҳо (38) буда, дар ҷои дуюм ҳизби мухолифини "Республика-Ата-Журк" ва "Бир-Бол" қарор доранд. Дигар курсиҳои вакилон миёни чор ҳизби дигар (мутаносибан аз 18 то 11) тақсим шудаанд.
Сараввал парлумон нақша дошт, ки танҳо номзадии як нафар аз ҲСДҚ Чинибой Турсунбоев пешбарӣ карда шавад, вале баъдтар ҷиноҳи "Онугуу-Прогресс" ногаҳонӣ номзадии сиёсатмадори ботаҷриба Исҳоқ Масалиевро низ пешбарӣ намуд. Дар парлумон иброз доштанд, ки ин роҳ принсипи чандандешӣ ва барномаҳои рақобатпазирро дар парлумон нигоҳ медоранд.
Қаблан раиси Жогорку Кенеш (парлумони якпалатаи бисёрҳизбӣ иборат аз 120 аъзо)-и Қирғизистон Асилбек Жээнбеков баъди он, ки бародараш Сооронбой Жээнбековро ба вазифаи сарвазири Қирғизистон пешбарӣ карданд, бо хоҳиши худ ба истеъфо рафт.