ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Дар деҳаи Барсеми ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони ВМКБ сарбанди кӯли сунъӣ, ки моҳи июли соли 2015 дар натиҷаи омадани сел ба вуҷуд омада буд, кушода шуд.
Ин тадбир ба хотири паст кардани сатҳи оби кӯли сунъӣ ва аз байн бурдани хатари он роҳандозӣ шуд. Дар сурати гарм шудани ҳаво ва эҳтимоли такрории чунин ҳодиса оби кӯл зиёд гардида, ба Нерӯгоҳи барқи обии "Помир-1" метавонист таъсири манфӣ расонад.
Маврид ба тазаккур аст, ки гармшавии аз меъёр зиёди ҳаво дар моҳи июли соли гузашта боиси фаромадани сел гардида, пеши рӯдхонаи Ғунд баста шуд ва кӯли сунъиро ба вучуд овард. Бар асари ин ҳодисаи табиӣ 82 хона пурра хароб гардида, чанд манзили истиқоматӣ низ зарар диданд. Инчунин зиёда аз 2 километр роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии масири Дарвоз- Хоруғ- Мурғоб пурра хароб гардид.
Бо кӯмаки Ҳукумати Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои бевоситаи президент сокинони зарардида аз рӯзҳои аввали сар задани ин ҳодисаи табиӣ дар кӯтоҳтарин муддат дар як макони бехавф бо манзилҳои зист таъмин карда шуданд. Айни ҳол ин деҳа Раҳмонобод номгузорӣ шудааст.