Ҳамлаи падар ва писарон ба як сокини пойтахт дар “Гулбутта”

© Sputnik / Mish SukharevКорд. Акс аз бойгонӣ
Корд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марди 54-сола ва ду фарзанди ӯ бе ягон асос ба сокини пойтахт ҳамла карда, ӯро мавриди латукуб қарор додаанд.

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Аснои баргузории як амалиёти вижаи кормандони милитсия дар "Гулбутта" сокини 54-солаи маҳалла бо ду писараш дастгир гардиданд, менависад сомонаи расмии ВКД.

Корд дар дасти одам - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: боздошти як шаҳрванд бо ҷурми сӯиқасд ба куштор

"Дар маҳаллаи Гулбуттаи шаҳри Душанбе се нафар сокини шаҳр, марди 54-сола бо писарони 20 ва 27-солааш, аз ҳиссиёти авбошӣ ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Душанберо бе ягон асос лату кӯб намудаанд. Сипас яке аз гумонбаршудагон, яъне марди 27-сола бо корди дар дасташ буда, ду маротиба дар қисмати пойи ҷабрдида задааст",- меафзояд манбаъ.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбарони ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуданд.

Айни замон дар нисбати дастгиршудагон бо иттиҳоми "авбошӣ" парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0