ВКД: боздошти як шаҳрванд бо ҷурми сӯиқасд ба куштор

CC BY 2.0 / DieselDemon / Knife OuttakeКорд дар дасти одам
Корд дар дасти одам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин мард ба хонаи зан, воқеъ дар шаҳри Турсунзода ворид гардида, пас аз муноқиша бо ӯ ба бадани зан 17 корд задааст.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Як зани 31- сола дар шаҳри Турсунзода баъди зарби 17 корд зинда монда, алъон дар беморхона бистарӣ шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, бо гумони захмдор кардани ин зан як сокини дигари шаҳри Турсунзода боздошт шудааст.

Ба иттилоъи манбаъ, гумонбаршаванда 25-уми апрел тахминан соати 13:10-дақиқа, вориди хонаи ин зан шуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 17-маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа зани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Дар ҳоли ҳозир нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0