ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Як ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии ҷаноби Пол Росс вориди Тоҷикистон шуда, бо мақомоти тоҷик масоили ислоҳот дар иқтисоди кишварро баррасӣ мекунанд, иттилоъ медиҳад Вазорати молияи ҶТ.
Манбаъ мегӯяд, коршиносони ин ниҳоди молии ҷаҳонӣ аллакай бо Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон мулоқот карда, шартҳои густариши ҳамкориҳоро ироа кардаанд.
Қаблан Масъуд Аҳмад, мудири департаменти ХБА дар Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ изҳор дошта буд, ки агар Тоҷикистон хостори дарёфти кӯмак аз ХБА аст, ҳукумати он бояд се шарти калидиро иҷро кунад.
"Инҳо — таҳкими назорати умумии низоми бонкӣ, лағви маҳдудиятҳо дар бозори асъор, таъмини шаффофияти фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ҳамоиши онҳо бо буҷаи давлат мебошанд",- афзуд Аҳмад.
Дар ҳоли ҳозир Пол Росс, роҳбари намояндагии ин созмони молиявӣ машварат ва пешниҳодҳои худро дар мавриди ҳадафҳо ва вазифаҳои муштарак ироа кардаст. Инчунин ин ҳайат масъалаҳои марбут ба тамоюлҳои аслии сиёсати иқтисодии кишварро ба баррасӣ гирифтааст.