Нокомии паҳлавонони тоҷик дар сабқати байналмилалии Боку

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкМубориза. Акс аз бойгонӣ
Мубориза. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин рақобатҳо ҳамчунин гуштигирон барои имтиёзҳои олимпии Бозиҳои соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза бурданд.

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Варзишгарони тоҷик, ки ҷиҳати ширкат дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо (дзюдо) таҳти унвони "Grand Slam" ("Тоскулоҳи бузург") дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон қарор доштанд, ноком шуданд.

Ба иттилоъи манобеъи расмӣ, дар мусобиқаи байналмилалии  "Grand Slam", ки дар Боку   баргузор шуд, 447 варзишгар (279 мард ва 168 зан) аз 76 кишвари ҷаҳон иштирок карда, ҳамчунин гуштигирон барои имтиёзҳои олимпии Бозиҳои соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза бурданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфуз се варзишгар — Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Саидҷалол Саидов ва Фарҳод Раҳимов намояндагӣ карданд.

Шукрона Қарчиева, дздочии тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Тверские надежди - Sputnik Тоҷикистон
Ҷопон барои рушди дзюдо дар ҶТ 90 ҳазор доллар медиҳад

Сараввал, Фарҳод Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни то 81 кило дар даври якум аз Карлос Луз (Португалия) шикаст хӯрд. Ду паҳлавони дигари тоҷик дар рӯзи охирини мусобиқа  вориди рақобат гардида, Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило бо Рафаэл Бузакарини (Бразилия) рақобатро бохт.

Зимнан, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило, ки дар даври аввал Мичел Ҳоракро аз Ҷумҳурии Чех мағлуб кард, дар даври дувум аз Темуулен Баттуғла (Муғулистон) шикаст хӯрд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо 3 медали тилло, 1 нуқра ва 2 бириҷӣ мақоми аввалро касб кард. Испания (2-0-1) ҷойи дувум ва Нидерланд (1-2-0) ҷойи севумро соҳиб шуданд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0