ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дабири кулли федератсия дзюдои Тоҷикистон Ширинҷон Мамадсафоев ва кордори сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада шартномаи грантӣ "Оиди лоиҳаи таҷҳизононидани марказҳои омӯзишии дзюдо"-ро ба имзо расониданд, иттилоъ медиҳад КМО ҶТ.
Маблғи умумии лоиҳа беш аз 90 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Мувофиқи лоиҳаи барномаи "Варзиш барои оянда" дар тамоми кишварҳои ҷаҳонӣ барномаҳо роҳандозӣ мешаванд. "Варзиш барои оянда" ба баланд бардоштани арзишҳои варзишии Ҳаракатҳои олимпӣ ва параолимпӣ барои синну соли гуногун равона шудааст.
Барнома дар давоми солҳои 2014-2020 роҳандозӣ мегардад.
Федератсияи дзюдои Тоҷикистон соли 1993 ба кор шурӯъ намуда, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ бо иштироки варзишгарони номдори тоҷику хориҷи мамлакат фаъолияти назаррас нишон медиҳад.