ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Бахшида ба 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе ҳафтаи "Поси хотир" баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдории пойтахт.
Мақсад аз эълони ҳафтаи "Поси хотир"-баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии сокинони пойтахт, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳамчунин эҳтиром гузоштан нисбати қаҳрамониҳои сарбозон ва афсароне, ки дар ҷанги солиҳои 1941-1945 иштирок кардаанд, мебошад.
Рӯзи 7 май Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко барои поси хотири ҷанговарон ҷамъомад баргузор мекунад.
Шоми ҳамон рӯз дар боғи фарҳангию фароғатии "Боғи Рӯдакӣ" фестивал-озмуни "Суруди сарбоз", миёни сарбозону афсарони қисмҳои низомии Душанбе доир мегардад.
Дар баробари ин бо фармони раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Душанбе якқатор вохӯриҳо бо собиқадорони ҶБВ ва ҷавонон бо мақсади аз байн бурдани таҳдидҳои терроризм ва экстремизм доир мегарданд.
Ба муносибати Рӯзи Ғалаба президенти кишвар Эмомали Раҳмон ба собиқадорони ҷанг ва меҳнат, оилаи сарбозони қаҳрамон ба қадри 250 доллари амрикоӣ ҷудо мекунад.
Ба гуфти муовини раиси Шӯрои миллии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ Вали Саёрабеков то 1 апрел дар Тоҷикистон 633 собиқадори ҷанг ба қайд гирифта шудааст. Соли гузашта шумораи онҳо 807 нафарро ташкил медод.