ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Имрӯзҳо шумораи собиқадорон хеле кам шудааст. Танҳо онҳо метавонанд ба пуррагӣ дар бораи қаҳрамониҳои худ ба наврасон нақл кунанд. Sputnik Тоҷикистон бо хонадагони чанд мактаб вохӯрд ва аз онҳо пурсид:дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ чиро медонед?
Ва чуноне маълум гардид, фарзандони мо таърихамонро хуб медонанд. Ҳамчунин маълум шуд, ки баъзеашон ҳатто дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон низ медонанд.
Саломат Отахонова, хонандаи синфи 9:
— Ман медонам, ки ҷанги Бузурги Ватанӣ ин қисми ҷанги дуюми ҷаҳонӣ буда, 1 сентябри соли 1939 шурӯъ шудааст. Ин ҷанге буд, ки яроқи ҳастаӣ дар он истифода шуд. Олмон бо эътилофи зиддигитлерӣ меҷангид. Дар ҷанг 63 кишвар иштирок карда, бархе аз мамолик ба таъмин намудани қаҳрамонон бо хӯрокворӣ ва пушокӣ машғул буданд. Ҳамаи ин маълумотро мо дар мактаб аз худ кардем.
Вале худам медонам, ки дар ҷанг бобокалонам иштирок карда буд. Ӯ дастонашро захмдор карда буд ва маҷбур шуд, ки ба ватан баргардад. Номаш Саттор Ҳамидов буд ва ӯ чанд сол қабл аз дунё даргузашт. Ман хеле ғамгинам, ки дар вақти аз дунё рафтани бобоям ҳоло хурдакак будам ва натавонистам дар бораи қаҳрамониҳояш аз ӯ бипурсам.
Бахтиер Отақулаев, муҳассили синфи 8:
— Ҷанг 22 июн соати сеи саҳар оғоз гардид. Харобкорони олмонӣ бидуни ягон сигнал ба артиши Сурх ҳамла намуда, сӯяшон оташ кушоданд.
— Ба фикри ту чаро ин ҷангро —Ватанӣ меноманд?
— Ватанӣ яъне маънояш ватан. 15 кишвар, ки ба ИҶШС дохил буданд, ватанашонро муҳофизат мекарданд.
Файзалӣ Чориев, синфи 5:
— Дар ин ҷанг амаки ман вафот кард. Падарам ба ман нақл кард. Ман хабар надорам кӣ ҷанг кард ва барои чӣ аммо медонам, ки ҳамон вақт дар Тоҷикистон бисёр одамон ба ҳалокат расиданд. Ва падарам ҳар замоне, ки дар бораи амакам нақл мекунад, гиря мекунад.
— Шояд ту ҷанги шаҳрвандиро дар назар дорӣ?
— Ҳа. Лекин дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳоло мо дар мактаб наомӯхтаем.
Рамиза Хуршедзода, толибаи синфи 9:
— Ҷанг соли 1941 сар шуд. Одамон ҷанги дуюми ҷаҳониро аз ҶБВ фарқ намекунанд. Дар кишварҳои мо Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аммо масалан дар Амрико онро Eastern front меноманд. Ҷанг соли 1945 ба охир расид. Амаки бибиям дар ин ҷанг иштирок карда буд. Вале ӯ аз ҷанг барнагашт. Мо танҳо медонем, ки ӯ далерона ҷангидааст.
Шавкат Хайруллозод, хонандаи синфи 8:
— Аз рӯзҳои аввали ҷанг ҳазорон ҷавонон нома менавиштанд, то онҳоро ба ҷанг баранд. Ман дар бораи Гулмуҳаммад Ғуломов шунидам, ки ӯ аз Тоҷикистон чунни нома навиштааст: "Илтимос мекунам маро ба ҷанг фиристед, ман то охири умрам бар зидди фашизм ҷанг хоҳам кард". Қаҳрамонон зиёд буданд, масалан Туйчӣ Эрҷигитов, ки бо тани худ рафиқонашро пӯшонида аз марг наҷот дод.
Бобоён ва бобокалони мо ҳазорон шабу рӯз ҷангиданд. Олмон зиёда аз 5 ҳазор афсар ва сарбозро барои иҳотаи ИҶШС фиристода буд, вале мо аз ин хабар надоштем.
Аз ҳама аввал Қалъаи Брест шикат хурд, чунки мо ҳоло намедонистем, ки ҷанг шурӯъ шудааст.
Евгения Кочнева, толибаи синфи 5:
— Ман медонам, ки дар ҷанг ҳатто кӯдакони аз 11 то 18 низ иштирок карданд. Онҳоаз душманон маълумот ҷамъ мекаданд. Онҳо роҳи оҳанеро, ки тавассути он ба душманон хӯрокворӣ меоварданд, метаркониданд. Баъд афсарони олмонӣ ҳатто кӯдаконро низ мекуштанд. Якумин аз байни кӯдакон Валя Терехина ба ҳалокат расид. Ӯ баҷоӣ ба ошхонаи душманон даромада ғизои онҳоро заҳролуд кард, вале баъд дастгир гардид. Ӯ аз асорат гурехт вале ҳангоми давидан зери чарҳои мошин монд.
Эмомали Абдуназаров, синфи 9:
— Партизанҳо киҳоянд?
— Онҳо гурӯҳи одамоне буданд, ки бар зидди фашизм истодагарӣ мекарданд. Онҳо дар ақибгоҳ қарор доштанд ва аз онҷо бар зидди душманон ҳамла мекарданд.
Зоир Ғафуров, муҳассили синфи 9:
— Қаҳрамонони ИҶШС-ро медонӣ. Ё шояд дар бораи қаҳрамониҳояшон шунида бошӣ?
— Ман медонам, ки Юрий Гагарин дар ҷанг иштирок карда буд. Ӯ соли 1941 ба мактаб қадам гузошт, вале маҷбур шуд, ки мактабро тарк кунад, чун ҷанг сар шуд. Онҳо-ҳам калонсолон ва ҳам кӯдакони деҳаи худро муҳофизат мекаданд. Соли 1944 бошад Артиши Сурх деҳаи онҳоро аз муҳосира озод кард.
Оля Латипова, хонандаи синфи 7:
— Иттиҳоди Шӯравӣ бо фашистон меҷангид. Ҷанг 9 майи соли 1945 ба охир расид ва ҳамин рӯз ҳар сол рӯзи Ғалаба қайд гирифта мешавад. Ҳоло шумораи собиқадорон хеле кам шудааст.
— Як суруди маъмул аст "Рӯзи Ғалаба-ин ашкҳои чашм аст" (праздник со слезами на глазах).
Ба фикри ту чаро чунин мегӯянд?
— Ашкҳои шодӣ барои он ки ғолиб омадем ва ашки ҳасрат ба хотири сарбозони бе ному нишон гашта.
Шоҳрух Нарзуллоев, муҳассили синфи 9:
— Дар он ҷанг бобокалони ман Рашид иштирок кардааст. Ман номи пурраи ӯро дар ёд надорам. Ӯ 92 сола аст ва ҳоло зинда аст. Мо дар рӯзи Ғалаба ҳама наздаш ҷамъ меоем ва ӯ бароямон дар бораи ҷанг нақл мекунад. Ӯ то худи Берлин пиёда рафтааст. Волидони ман ҳамаашро медонанд, вале ман не, чунки бобоям пир шудааст ва ҳарфҳояш печида мебароянд. Мушкил аст ӯро дарк кардан.
Валерия Асрорқулова, синфи 8:
— Ман дар бораи муҳосираи Ленинград медонам. Ин муҳосира соли 1941 оғоз гардид. Фашистон шаҳрро ба муҳосира гирифта намегузоштанд, ки ягон кас берун шавад ё дохил гардад. Ба мардум дар тӯли рӯз хӯрок ва об намедоданд, танҳо як бурда нон медоданду халос. Мардум азоби гуруснагӣ мекашиданд. Ҳамон вақт дар фасли зимистон ҳам калонсолон ва кӯдакон ба ҳалокат расиданд.
Ман дар бораи бобоҳоям, ки дар ҶБВ иштирок кардаанд, намедонам, амммо хабар дорам, ки бобоям дар ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҷангидааст. Ӯро сараввал маҷрӯҳ карданд ва баъд ӯ дар минтақаи километри 9-уми Душанбе ғайб зад.
Ва бибиям ба ман нақл карда буд, ки онҳо низ ҳамон замон мисли муҳосираи Ленинград барои як бурда нон рӯзҳо дар навбат меистоданд. Ӯ соҳиби се фарзанд буд ва ҳамчун мураббия дар боғча кор мекард, шабона бошад фарзандонашро дар хона танҳо монда барои ба даст овардани як бурда нон дар навбат меистод. Ҳамаи ҷо бомбаборон мешуд, вале бибиям ба хотири фарзандонаш ҳар шаб ба он ҷо мерафт…