ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Бахши ҷадиди сойти интернетии шаҳрдорӣ "Бидуни миёнарав" ҳамаи шикоёт ва пешниҳодоти судманди муштариёни пойтахтро қабул мекунад, навиштааст хабаргузории "Tojnews".
Ин бахши сойти шаҳрдорӣ ба он хотир таъсис шудааст, ки муштариёни пойтахт дар сурати ба фурӯш гузоштани маҳсулоти пастсифат дар бозорҳову мағозаҳо тавонанд дар ин бора ба муттахассисони соҳа хабар диҳанд.
"Дар сурати ба фурӯш гузоштани маҳсулоти пастсифат, иҷрои бади хадамот ва ё муомилаи бад дар нуктаҳои фурӯши маҳсулот ва ироаи хадамот, ҳар кас метавонад ба бахши вижаи сойти шаҳрдорӣ бо нишонии www.bemiyonaravho.tj муроҷиъат кунад", — изҳор дошт намояндаи расмии шаҳрдорӣ.
Барои баррасии шикоёти муштариён аз ҷумлаи кормандони Оҷонсии зидди фасод, бахши тандурустӣ, фарҳанг, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайра афроди масъул таъин шудаанд.