ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон Маҳмадалӣ Аҳмадов, ки дар марги Сизрани гумонбар мешавад изҳор дошт, ки бегуноҳ аст, иттилоъ медиҳад ВКД Тоҷикистон.
Дар бораи дастгир шудани гунаҳкори чорум дар марги Сизрани рӯзи чоршанбе сардори ВКД-и вилояти Самараи Русия Сергей Солодовников хабар дода буд. Ӯ изҳор дошт, ки ин мард дар Тоҷикистон ҳангоми кӯшиши убури марзи Тоҷикистону Афғонистон дастгир шудааст, вале баъдтар дафтари матбуотии ВКД ва Кумитаи тафтишотии Русия иттилоъ дод, ки гунаҳкор дар фурӯдгоҳи Домодедово баъди парвоз аз Душанбе боздошт шуд.
"Дар аввалҳои ҳамин ҳафта Маҳмадалӣ Аҳмадов худ бо ВКД ҳозир шуда изҳор дошт, ки аз ВАО-и Русия иттиллоъ доданд, ки ӯро дар куштори оилаи иборат аз шаш нафар дар вилояти Самара гунаҳкор мешуморанд. Ӯ гуфт, ки дар куштор даст надорад ва барои исботи бенуҳоии худ ба Русия бармегардад",-омадааст дар торномаи ВКД-и Тоҷикистон.
ВКД қайд мекунад, ки Аҳмадов дар Тоҷикистон дастгир нашудааст. Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон маълумот дар бораи дастгир шудани гумонбаршуда дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро рад кард.
"Дар ҳеҷ кадоме аз гузаргоҳҳои марзӣ вуруди ин шахс ба қаламрави Тоҷикистон сабт нашудааст. Боздошти Аҳмадов дар марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеъият надорад",-гуфт ба РИА Новости сухангӯи хадамоти матбуотии Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев.
Қаблан хабар дода шуд, ки рӯзи 24-уми моҳи апрел аз хонаи истиқоматии воқеъ дар вилояти Самараи ноҳияи Сизрански деҳаи Ивашевка ҷасади шаш нафар-ду мард ва чор зан дарёфт гардид. Яке аз кушташудагон собиқ сардори пулис Сизрани Андрей Гошт буда, дигарҳо аъзоёни оилааш мебошанд.