Як шаҳрванди Тоҷикистон барои ду куштор дар Маскав 17 сол зиндонӣ шуд

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкБоздоштгоҳи муваққати №1 Маскав. Акс азбойгонӣ
Боздоштгоҳи муваққати №1 Маскав. Акс азбойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо сокини ноболиғи шаҳри Маскав зиндагӣ мекард, модару пияндари ӯро ба қатл расонидааст.

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Маскав шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон Суҳробҷон Яъқубовро барои куштори ду сокини маҳаллӣ ба муҳлати 17 сол равонаи зиндон кардааст, менависад, сомонаи Додситонии Маскав.

Тибқи иттилои мақомоти тафтишотии Русия, ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ бо сокини 16-солаи шаҳри Маскав дар манзили зисти дуюмӣ иқомат карда, ҷойи кори доимӣ ҳам надоштааст.

"Якуми марти соли ҷорӣ дар заминаи муносибатҳои бад Суҳробҷон Яъқубов бо хушдоманаш ва ҳамзисти ӯ, ки якҷоя дар як хона зиндагӣ мекардаанд, муноқиша намуда, бо истифода аз корд онҳоро ба қатл расонидааст", — афзудааст манбаъ.

Шаҳрванди Тоҷикистон баъд аз муртакиб шудани ин ҷурм зуд аз сӯи кормандони пулиси шаҳри Маскав боздошт шудааст.

Додгоҳи шаҳри Маскав бо назардошти дархости айбдоркунандаи давлатӣ ва мавқеи додситонии пойтахти Русия Суҳробҷон Яъқубовро ба муҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Лентаи хабарҳо
0