Боздошти қочоқчӣ дар ВМКБ

© Sputnik / Сергей Субботин / Гузариш ба медиабонкМуҳандис Ирина Василенко сифати ёқутро муайян мекунад
Муҳандис Ирина Василенко сифати ёқутро муайян мекунад - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо сокини ин ноҳияи баландкӯҳ дастгир гардида, тафтишоти қаблӣ идома дорад.

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо боздошт гардид, менависад сомонаи расмии ВКД ҶТ.

Бангдона - Sputnik Тоҷикистон
Дар Бадахшон ва Хатлон 14 кг маводди мухаддир забт шуд

"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар бозори марказии ноҳияи Мурғоб, аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо дастгир карда шуд",- омадааст дар хабари сарчашма.

Аснои кофтукоби шахсӣ аз дохили борхалтаи дастгиршуда 100 грамм сангҳои қиматбаҳои "ёқут" ва 400 грамм сангҳои "турмалин" дарёфт ва мусодира карда шуд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Лентаи хабарҳо
0