Дар Бадахшон ва Хатлон 14 кг маводди мухаддир забт шуд

© Sputnik / В. Немировский / Гузариш ба медиабонкБангдона
Бангдона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурони Ожонси мубориза бо маводди мухаддири назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи як амалиёт дар қаламрави ноҳияи Дарвоз шаҳрванди 20 солаи Афғонистонро, ки ғайриқонунӣ аз марз убур карда буд, боздошт карданд.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар тӯли як шабонарӯз маъмурони зиддимухаддаротӣ дар қаламрави ноҳияи Дарвоз ва вилояти Хатлон 14 килограмм маводди мухаддирро ошкор ва забт карданд, хабар медиҳад ОМММ Тоҷикистон.

Аз ҷумла дар рустои Тоғмайи ҷамоъати Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир сокини 20 солаи вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боздошт шуд. Аз ӯ 5 бастаи дорои маводди қаҳваранг бо бӯйи вижа ва 7 баста бо маводди ранги сабзи баланд дошта ошкор шуд.

"Тибқи натоиҷи таҳқиқи Раёсати ОМММ дар Бадахшон маводди забтшуда 6 килограмм ҳашиш ва 6 килограмм бангдона будааст. Ҳаҷми умуми мухаддироти забтшуда беш аз 12 килограмм будааст", — омадааст дар хабари ниҳоди зиддимухаддаротии кишвар.

Зикр мешавад, ки аз рӯйи ин ҳодиса тибқи моддаи 200 "Қочоқи ғайриқонунии маводди мухаддир", 289 "Қочоқ" ва 335 "Убури ғайриқонунӣ аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Рустам Назарзода - Sputnik Тоҷикистон
Соли гузашта 14 корманди интизоми бо маводди мухаддир боздошт шуданд

Феълан умури иктишофӣ барои мушшахас кардани он идда аз атбоъи Тоҷикистон, ки ба ин ҷиноят даст доранд, идома дорад.

Ба ҷуз аз ин, дар вилояти Хатлон дар пайи амалиёти иктишофӣ панҷ сокини ин вилоят боздошт шуданд. Ба ҳангоми боздошт аз онҳо 2 килограмм ҳашиш забт шудааст.

Ин гурӯҳи ҷиноӣ тӯли вақти тӯлонӣ ба қочоқи маводди мухаддир дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон машғул будааст.

Куллияи боздоштшудагон ба боздоштгоҳи Раёсати Ожонсӣ ворид карда шудаанд. Парвандаи ҷиноӣ боз шуда таҳқиқи он идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0