Президенти Афғонистон ба Душанбе меояд. 10 май

© AP Photo/dpa, Tobias HaseПрезиденти Афғонистон Ашраф Ғанӣ. Акс аз бойгонӣ
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ моҳи сентябри соли 2014 ба мансаби раисҷумҳури Афғонистон интихоб шуда, ин боздид нахустин сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон аст.

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ рӯзҳои 10-11 май бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

"Баъди анҷоми сафари расмӣ санаи 12 май президенти Афғонистон ҳамроҳ бо роҳбарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва нахуствазири Покистон дар маросими оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 (тарҳи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ) иштирок хоҳад кард" — меафзояд манбаъ.

Тибқи иттилоъи расмӣ муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 15 июли соли 1992 барқарор гардидаанд.

Сарбози афғонистонӣ дар назди киштзори кӯкнор - Sputnik Тоҷикистон
Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак мехоҳад

Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон соли 2001 расман ба фаъолият шурӯъ кард. Аввалин консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Толиқони вилояти Тахори Афғонистон соли 1996   ифтитоҳ гардида, бинои ҷадиди Сафорати Тоҷикистон дар Кобул 25 октябри соли 2010 дари худро боз кард.

Дар солҳои 1996, 2001 ва 2006 дар Тоҷикистон ва солҳои 1993, 1995 ва 2010 дар Афғонистон мулоқоти сарони ҳар ду кишвари ҳамсоя баргузор гардидаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 85 ширкатҳои афғонистонӣ фаъолият мекунад. Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Тоҷикистону Афғонистонро беш аз 70 санади ҳуқуқӣ дар самтҳои мухталифи ҳамкории ду кишвар ташкил мекунад.

Лентаи хабарҳо
0