ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. То аввали моҳи равон ҳудуди 20 шаҳру навоҳии кишвар даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро иҷро карда, бархеи дигар дар садади иҷро қарор доранд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати дифоъ.
"Айни замон иҷрои нақшаи даъват дар ВМКБ — 87%, вилояти Хатлон — 94%, вилояти Суғд — 75%, ноҳияҳои тобеи марказ — 73% ва шаҳри Душанбе — 54%-ро ташкил дода, дар саросари ҷумҳурӣ иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ба 80% расидааст",- қайд кард сухангӯи ВМ ҶТ Фаридун Маҳмадалиев.
Мавсими даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1-уми апрел оғоз гардида, то 31-уми май идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.
Ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд.
"Ҳамзамон беш аз 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд",- меафзояд манбаъ.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том — Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.