ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Гунаҳгори чорум дар куштори собиқ сардори пулиси Маскав Сизрани дар фурӯдгоҳи Домодедово баъди бозгашт аз Душанбе дастгир гардид, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба маркази матбуотии ВКД Русия ва Кумитаи тафтишот.
"Имрӯз аз ҷониби кормандони идораи марказии тафтишоти ҷиноии ВКД Русия дар фурӯдгоҳи Домодедово-гунаҳкор, ҳангоми парвоз дар хатсайри "Душанбе-Маскав" дастгир шуд. Дастгиршуда дар куштори шаш нафар ва захмӣ кардани ноболиғ дар вилояти Самара айбдор дониста мешавад",-изҳор дошт намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк.
Маълумоти мазкурро намояндаи расмии Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия Владимир Маркин низ тасдиқ кард. Ӯ қайд намуд, ки ВКД Тоҷикистон чанде қабл маълум карданд, ки гумонбаршуда нақшаи аз Душанбе ба Маскав парвоз карданро дорад. Сабаби баргаштани ӯ ба Русия ҳоло маълум нест.
Қаблан хабар дода шуд, ки рӯзи 24-уми моҳи апрел аз хонаи истиқоматии воқеъ дар вилояти Самараи ноҳияи Сизрански деҳаи Ивашевка ҷасади шаш нафар-ду мард ва чор зан дарёфт гардид. Яке аз кушташудагон собиқ сардори пулис Сизрани Андрей Гошт буда, дигарҳо аъзоёни оилааш мебошанд.