ВКД Русия: муҷозот барои фиреб дар тиҷоратро бояд тақвият дод

© Sputnik / Антон ДенисовБинои ВКД Русия. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКД Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тағйирот дар қонун, ки ВКД пешниҳод кардааст, қабл аз ҳама ба ҳимояти ҳуқуқи тоҷирони баинсоф ва муштариёни онҳо равона шудаанд.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ниҳоди интизомии Русия ба қавонини кишвар ҷанд тағйирот пешниҳод кардааст, ки мизони ҷарима барои тақаллуб дар тиҷорат ва коҳиши мизони хисороти бузург ва махсусан бузургро дар назар дорад, хабар медиҳад РИА Новости.

Феълан дар қонуни ҷиноии Русия танҳо ҳафт модда дар заминаи тақаллуби мухталиф вуҷуд доранд. Мӯҳлати муҷозот барои иртикоби онҳо аз панҷ то даҳ сол аст. Мизони хисороти ворида аз онҳоро низ қонуни ҷиноӣ ин тавр тавзеъ додааст: бузург — беш аз 250 ҳазор рубл, махсусан бузург — беш аз як миллион рубл. Вале барои тақаллуб дар чаҳор моддаи дигар, аз он ҷумла дар бахши тиҷорат, аз якуним то 6 миллион рубл аст.
Додгоҳи қонуни асосӣ дар моҳи декабри соли гузашта ин муқарраротро баррасӣ карда ва қарор кард, ки ҷаримабандии камтар барои хисороти ворида — ноадолатона буда ин муқаррарот ба чанд банди Қонуни асосӣ муғойират дорад.

"Дар пайи иҷрои қарори додгоҳи Қонуни асосӣ… дар назар аст, ки ҷароими дар ин модда зикршуда ба муқаррароти модаи 159 Қонуни ҷиноӣ (тақаллуб) мувофиқ карда шавад. Тарҳи қонун мизони ҷуброни хисороти бузург ва махсусан бузургро ҳамчун беш аз 250 ҳазор ва як миллион рубл арзёбӣ мекунад", — омадааст дар тафсири ин санад.

ВКД зикр мекунад, ки тарҳи қонун на танҳо ба иҷрои муқаррароти додгоҳи Қонуни асосӣ, балки ба тақвияти низоми ҳимояти ҳуқуқии гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон равона шудааст.

Ҳамчунин, ин тағйирот муштариёни фаъолиятҳои тиҷоратӣ ва худи ширкаткунандагони ин бозорро, ки бо хатарҳои ҷиддӣ аз амалҳои беинсофона рӯбарӯ ҳастанд, ҳимоят мекунад. Тағйирот ба қонуни ҷиноӣ, ба эътиқоди ин ниҳод, "бояд барои фаъолиятҳои қонунии тиҷоратӣ водор созад".

Лентаи хабарҳо
0