ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Блютенҳои овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ оиди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Тоҷикистон бо чор забон нашр хоҳанд шуд, иттилоъ доданд дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ.
Шумораи умумии варақаҳои овоздиҳӣ 4,3 миллион нусхаро ташкил медиҳад.
Варақаҳои асосии интихоботӣ ба забони тоҷикӣ нашр мешаванд. Ба минтақаҳои аҳолинишини русзабон, узбакзабон ва қирғиззабон варақаҳо ба забонҳои мазкур фиристода хоҳанд шуд.
Дар варақаҳои овоздиҳӣ танҳо ду сатр бо ҷавобҳои "ҳа" ва "не" ҷой дода мешавад. Интизор меравад, ки ҳамагӣ ба Сарқонуни Тоҷикистон 41 тағйиру иловаҳо дохил карда шавад. Суди конститутсионӣ 4 феврали соли равон тағйиру иловаҳоро ба сарқонун бо назардошти сатҳи рушди ҷомеаи имрӯзаи кишвар "мувофиқ" донист.
22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оиди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишвар доир мегардад. Тағйиру иловаҳо ҳамчунин ба ташкили ҳизб дар ҷумҳурӣ дахолат мекунанд. Фаъолияти ҳизбҳои дигар мамлакатҳо ва ҳизбҳое, ки дар асоси эътиқоди динӣ фаъолият мекунад манъ карда мешавад.