Вакилон бо интихобкунандагони худ вомехӯранд: аз 25 апрел то 5 май

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкБинои парлумони Ҷумҳурии Тоҷиикстон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бинои парлумони Ҷумҳурии Тоҷиикстон дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 25 апрел то 5 май дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ сафар карда бо интихобкунандагон вохӯриҳо доир менамоянд.

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Зимни вохӯриҳо вакилон ба интихобкунандагон дар бораи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияи ҶТ ва зарурати қабули онҳо  маълумот медиҳанд, иттилоъ медиҳад, сухангӯи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов.

Дар ҷараёни сафар вакилон  бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ, мушкилоти рӯзмарраи сокинони имнтақаҳои гуногун аз наздик ошно гардида, онҳоро аз фаъолияти парлумон ва ҷараёни амалисозии барномаҳои пешазинтихобтии худ огоҳ месозанд.

Шукурҷон Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуров аз вакилон даъват кард, ки хомӯш набошанд

Вакилони парлумон ҳамчунин шаҳрвандони кишварро ба иштироки фаъолона дар маъракаи раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ даъват хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки қаблан вакилони палатаи поёнии парлумон аз 16 то 26 феврал бо интихобкунандагони худ дар минтакаҳо вохӯрда, ба онҳо мазмуну муҳтавои тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияро шарҳ дода буданд

Лентаи хабарҳо
0