Дар ҷустуҷӯи хатсайри ҳавоӣ ба Иссиқкӯли Қирғизистон. Маскав ва Остона

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкБинои "Кохи сафед" дар Бишкек. Акс аз бойгонӣ.
Бинои Кохи сафед дар Бишкек. Акс аз бойгонӣ. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, дар соли ҷорӣ ба Қирғизистон беш аз 100 ҳазор сайёҳи рус сафар карда, бештарашон мехоҳанд аз Иссиқкӯл дидан кунанд.

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ширкатҳои ҳавоии Русия ва Қазоқистон омода ҳастанд ба Иссиқкӯли Қирғизистон хатсайрҳои мустақим роҳандозӣ кунанд, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба идораи рушди сармоягузорӣ ва зерсохтории ширкати "Фурудгоҳи байналмилалии "Манас".

Ба қавли сардори идораи рушди "Фурудгоҳи Манас" Абималик Бусурманқулов, алъон дар фурудгоҳи Иссиқкӯл ва деҳаи Тамчӣ аз нисф зиёди корҳо анҷом ёфта, бозсозӣ дар чаҳор самт идома дорад.

Уқобҳои Қирғизистон дар фурудгоҳҳои Туркия

"Насби таҷҳизоти огаҳсозии барқиву садоӣ, низоми фуруди ҳавопаймоҳҳо, интиқоли беисти нерӯи барқ, васеъ ва дарозтар кардани хатти парвоз идома дошта, хатти фурудойӣ ва парвоз то 3800 метр дароз карда шудааст",- иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи вай, бозсозии фурудгоҳи "Иссиқкӯл" дар миёнаи моҳи июни соли 2016 анҷом мешавад ва он вақт фурудгоҳ ба сурати шабонарӯзӣ ва дар давоми сол фаъолият хоҳад дошт.

Дар ҳоли ҳозир чанд ширкати ҳавоии русӣ ва қазоқистонӣ дар бораи ифтитоҳи хатсайрҳои мустақим ба Қирғизистон пешниҳод кардаанд. Аз ҷумла, дар остонаи мавсими сайёҳӣ парвози доимии ҳавопаймо миёни Тамчӣ ва Алмаато, Остона ва Чимкент оғоз мешавад. Ҳамчунин таҷрибаи парвози дохилӣ дар масири Ӯш-Тамчӣ идома дода мешавад", — хабар дод Бусурманқулов.

 

 

Лентаи хабарҳо
0