Биологҳо гени марбут ба пиршавиро пайдо карданд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкОзмоишгоҳи тиббӣ. Акс аз бойгонӣ
Озмоишгоҳи тиббӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вайроншавии мутатсияи гени MC1R , ки бо ранги зарди мӯй ва ҳассосияти пасти дардқабулкунӣ алоқаманд аст ба суръати пиршавии пӯсти рӯй таъсир мерасонад.

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Гени ранги зарди мӯй яке аз омилҳои муайян намудани дар ҳолати хуб нигоҳ доштани  пӯсти ҳангоми гузаштани синну сол, ки якчанд намуди он одамонро аз сину солашон то ду сол калонтар вонамуд мекунад ба шумор меравад,  иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба мақолаи маҷаллаи Current Biology.

"Бори аввал мо тавонистем генеро пайдо кунем, ки метавонад фаҳмонад, чаро баъзе одамон дар синну соли нисбатан калон ҷавон менамоянд, аммо баъзеи дигар дар ҷавонӣ пир мешаванд",-изҳор дошт Манфред Кайзер аз донишгоҳи Эразмаи Роттердам (Голландия).

Косахонаи сар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Олимон муайян карданд, ки вабо аз Аврупо “паҳн” гаштааст

Крайзер ва ҳамкоронаш мутатсияи ДНК-и наздики се ҳазор одамони синну солашон нисбатан калони мардону занонро омӯхта, сабаби пир нашудани аксари ситораҳои телевизион ва мардуми оддиро муйаян намуданд. Дар умум олимон зиёда аз ҳашт ҳазор пиронсолонро зери таҳқиқ карданд.

Маълум гардид, ки дар рӯи инсон дар пиронсолӣ аз ҳама зиёд мутутсияи гени MC1R, ки бештар биологон онро ба доштани ранги зарди мӯй, пусти равшан ва ҳиссиёти пасти дардқабулкунӣ вобаста медонанд, таъсир мерасонад. Дар рафти тадқиқот олимон чор намуди сохтори ин генро пайдо намуданд, ки ба пиршавии пӯсти рӯи ҳар кас таъсири гуногун доштанд.

Навхонадорон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Олимон: издивоҷ имконияти пирӯз шуданро ба саратон зиёд мекунад

Ин мутутсияҳо натанҳо ба суръати пиршавӣ, намудор шудани нишонаҳои пиронсолӣ дар пӯсти рӯй, балки ба пиршавии худи рӯй таъсир мерасонанд.

Вобастагии ин гуногуниҳо дар чӣ бошад? Ба фикри Крайзер эффекти "ҷавонкунӣ"-и аксари намудҳои MC1R бо иштироки ген дар ҳифзи организм аз шамолхӯрӣ ва илтиҳоб бастагӣ дорад. Тибқи шарҳи олимон ҳар дуи ин равандҳо ба пиршавии барвақти ҳуҷайраҳо ва нобуд шудани онҳо оварда мнрасонад, ки дар пӯсти рӯи инсон дарҷ мегардад.

Бо вуҷуди ин набояд тарсид-чуноне олимон қайд мекунанд фарқияти пиршави инсонҳо онқадар зиёд  набуда,танҳо ду солро ташкил медиҳанд. Крайзер ва ҳамкоронаш нақша доранд, ки дар ояндаи наздик генҳои дигареро, ки ба пиршавӣ таъсир мерасонанд дарёфт намоянд. Олимон умед доранд муайян кунанд, ки  барои чӣ ва чӣ гуна организми мо пир мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0