Олимон муайян карданд, ки вабо аз Аврупо “паҳн” гаштааст

© Flickr \ Pieter CornelissenКосахонаи сар. Акс аз бойгонӣ
Косахонаи сар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Микробҳои “марги сиёҳ” ҳамон тавре, ки дар миёнаҳои асри 14 ба мамолики Аврупо паҳн шуда буд, ба воситаи молу амвол ба кишварҳои Осиё кӯчид.

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Эпидемияи вабо, ки сеяки аҳолии Аврупоро несту нобуд намуда буд, гум нашуда  мобайни асри 14 аз сари нав ба Русия, Поволже ва Осиё баъди даҳ соли анҷоми эпидемия аз Аврупо интиқол ёфт, иттиллоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба гузориши генетикҳо дар вохӯрии,  Ҷамъияти бостоншиносони Амрико.

"Кашфи мо имкон дод, то роҳи паҳншавии ваборо шурӯъ аз Аврупои асри 14 ба саросари дунё  омӯзем. Ин беморӣ аввал дар Русия паҳн гардида баъд монитиқи атрофи онро дар бар гирифт. Қисми зиёди вабои асри 14 эҳтимолан аз наслҳои басили аврупоӣ "марги сиёҳ" пайдо шудаанд",-изҳор дошт  Йоханнес Краузе  аз донишкадаи таърихи инсон дар Йене (Олмон).

Краузе, "некроман"-полеогенеки машҳур бо ҳамкорони худ дар давоми чанд сол ба барқароркунии таърихи бузургтарин эпидемия "марги сиёҳ" дар Аврупо, ки аз зараи Yersinia pestis ба вуҷуд омадааст машғул буданд. Соли 2011 Краузе ҳамроҳи гурӯҳи ҳамкоронаш ба воситаи ген бактерияро барқарор намуда, баъдтар мутатсияро пайдо кард, ки бактерияи хокиро ба бактерияи ҷисми асри 14 табдил дод.

Олимон гени сактаи мағзиро пайдо карданд

Чанд вақт қабл моҳи феврали соли 2016 Краузе ва ҳамроҳонаш кашфиёти нодир карданд-устухонҳои қурбониёни вабои асри 18-ро, ки дар Марсела ба вуқӯъ омада буд, омӯхта ба хулосае омаданд, ки эпидемия аз ҳамон бактерияи Yersinia pestis, ки онро "марги сиёҳ" низ мегӯянд пайдо шудааст. Ин ҳодиса барои олимон ногаҳонӣ буд, чунки онҳо фикр мекараданд, ки ин навъи микроб кайҳо боз нобуд шуда ҷои худро ба микроби хавфноктар иваз кардааст.

Гурӯҳи Краузе дар паи омӯзиши ин ҳодисаи ғайриоддӣ ба ҷустуҷӯи нишонаҳои вабо ба минтақаҳои гуногуни Аврупо ва Осиё сафар карданд.

Ҷавоби саволи худро олимон дар Русия дар қаламрави Поволжя, дар яке аз қабрҳои Булғористон  дарёфт карданд. Ин ҷо олимон устухонҳои нафареро, ки эҳтимолан аз касалии вабои солҳои  (1360-1400) вафот кардааст, пайдо намуданд.

Навхонадорон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Олимон: издивоҷ имконияти пирӯз шуданро ба саратон зиёд мекунад

ДНК-и ӯро барқарор намуда, омӯхта олимон ба хулоса омаданд, ки таркиби ген ба сохтори бакерияи "марги сиёҳ"-и Лондон, намуди баъдиаш Yersinia pestis, ки дар Испания вомехӯрд ва ҳамчунни микробе, ки боиси авҷи касалӣ дар Чин (асри 19) гардида буд, монанд аст.

Чӣ тавр ҳамон як намуди бактерия Yersinia pestis ба минтақаҳои гуногуни ҷаҳон паҳн шудааст? Ба назари олимон эҳтимолан ин бактерияҳо аз Аврупо ҳамроҳи молу амволи истеҳсолӣ, ҳамон тавре, ки дар асри 14 аз Осиё ба Аврупо интиқол ёфта буданд, паҳн шудаанд.

Агар дар ҳақиқат ҳам чунин бошад, пас метавон гуфт, ки вабои асрҳои гуногун-"марги сиёҳ" нобуд нагардида, тавонистааст бо суръати баланд ба дигар минтақаҳои ҷаҳонӣ паҳн шавад. Краузе ва ҳамкоронаш умед доранд, дар таркиби ДНК-и зиндашудаи Yersinia pestis генҳоеро пайдо намоянд, ки барои паҳншавии микроби зараровар дар саросари ҷаҳон ёрӣ расонидаанд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0