ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Футболбозони навраси тоҷик дар сабқат оид ба футболи хурд, дар Сочи мақоми дуюмро соҳиб шуданд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Бозиҳои ҷаҳони ҳамватанони ҷавон.
Варзишгарони Тоҷикистонӣ рақибони худро аз 12 давлат мағлуб намуда, дар бозии ниҳоӣ бо ҳисоби 1:2 аз тими Русия шикаст хурданд.
Дар ҷамъбасти сабқатҳо Гурез Холов аз дастаи Тоҷикистон дарвозабони беҳтарин эълон гардид.
"Футболбозони мо бозиро бо ҷиддият шурӯъ карданд ва дарҳол ба ҳамла гузаштанд, ки натиҷаи хуб дод. Бозингарон аз 6 бозӣ дар 5 сабқат пирӯз шуданд",-қайд кард мураббии даста Насим Набиев.
Дар баробари ин варзишгарони тоҷик дар риштаи баскетбол низ натиҷаҳои хуб ба даст оварданд, онҳо соҳиби мақоми 5 гардиданд.
Бозиҳои дуюми ҷаҳонии ҳамватанони наврас аз 23 шурӯъ шуда то 29 ҳамин моҳ идома ёфтанд.
Дар ин бозиҳо наздики 600 варзишгар аз 46 давлати минтақаҳои Аврупо, Осиё ва Амрико иштирок намуданд.
Варзишгарон дар намудҳои баскетбол 3x3, мини-футбол, волейбол, шоҳмот, тенниси рӯи миз ва шиноварӣ худро муаррифӣ мекунанд.