ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дастаи мунтахаби духтаронаи футболи Тоҷикистон дар даври дувуми сабқати минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони синашон то 14-сола дар минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ тими Бутанро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ин бозии гурӯҳи "А" дар майдони Академияи футболи "Истиқлол", дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор баргузор шуд. Ду тӯби мунтахаби Тоҷикистонро капитани даста Нилуфар Абдулҳаева ба нишон расонда, Гулшан Сафарова ва Матлуба Даминзода яктогӣ гол заданд.
Зимнан, дар бозии дигари гурӯҳи "А" мунтахаби Эрон бар дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дар гурӯҳи "А" мунтахаби Эрон бо 6 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои Тоҷикистону Бутан сеимтиёзӣ доранд. Мунтахаби Қирғизистон бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифтааст.
Бозиҳо дар гурӯҳи "В" бо ширкати дастаҳои мунтахаби Бангладеш, Непал ва Ҳиндустон дар варзишгоҳи "Авиатор"-и Душанбе ҷараён доранд. Дар даври дувум мунтахаби Ҳиндустон дастаи Непалро бо ҳисоби бузурги 9:0 шикаст дод. Дар ин гурӯҳ Бангладеш ва Ҳиндустон сеимтиёзӣ гирифтаанд. Вале Непал имтиёз надорад.
Баъди анҷоми бозии ниҳоӣ ғолиб ва дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, мутаносибан бо медалҳои тило, нуқра ва биринҷӣ мукофотонида мешаванд.