Уқобҳои Қирғизистон дар фурудгоҳҳои Туркия

© Владимир Пирогов / Гузариш ба медиабонкҚирғизистон. Акс аз бойгонӣ
Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Уқобон воситаи самараноки мубориза бо таҷҳизоти ҳавоии сабткунанда, ки манбаъи хатар ба фаъолияти фурудгоҳҳо ҳастанд, ба шумор мераванд.

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Барои доштани васоити бесарнишини сабткунандаи ҳавоӣ (дронҳо) ба фурудгоҳҳои Туркия аз Қирғизистон уқоб меоранд, хабар медиҳад,  Sputnik Қирғизистон бо такя ба CNN.

Беркутчӣ: шикор бо шоҳин дар паҳнои дашти қазоқ

Тавре роҳбари кулли маъмурияти фурудгоҳҳои Туркия Сердар Ҳусейн Йилдирим дар суҳбат бо хабарнигорон иброз дошт, ҳоло уқобҳо аз беҳтарин василаи мубориза бо таҷҳизотҳои сабткунанда мебошад.

"Вақтҳои охир хатари бузургро  дар фурудгоҳҳо таҷҳизотҳои сабткунанда ба вуҷуд меоранд, на паррандаҳои оддӣ. Чунин ҳодисаҳо дар фурудгоҳи Отатурк, ки яке аз бузургтарин фурудгоҳҳои дунё аст, дида мешавад",- қайд кард ӯ.

Дар нақша ҳаст, ки рӯзҳои наздик шоҳину уқобҳоро аз Қирғизистон интиқол бидиҳем, афзуд мансабдор.

Қаблан пулиси Нидерланд барномаи истифодаи шоҳинҳоро барои мубориза бо таҷҳизоти ҳавоии сабткунанда роҳандозӣ намуд. Бо ин роҳ пулис ният дошт, ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқи дахлнопазирии зиндагии шахсиро ҳангоми ҳолатҳои фавқуллода ҷилавгирӣ намояд.

Лентаи хабарҳо
0