Сардори хадамоти муҳоҷирати Маскав баъди рӯзҳои ҷашнӣ таъин мегардад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкХадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ. Акс аз бойгонӣ
Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аввали моҳи апрел президенти ФР Владимир Путин Хадамоти федералии муҳоҷирати Русияро ҳамчун ниҳоди мустақил барҳам дода, ба воҳиди зертобеи Вазорати корҳои дохилии Русия табдил дод. Идора кардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ нисбати назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир осонтар ва зудтар мешавад.

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Роҳбари Хадамоти муҳоҷирати Маскав, ки акнун тобеъи ВКД аст, эҳтимол баъди ҷашнҳои моҳи май таъин гардад, иттилоъ дод сардори пулиси пойтахт Анатолий Якунин.

ХФМ: муҳоҷирони гурезпо барои ҳамеша аз вуруд ба Русия маҳрум мешаванд

"Идора кардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ бароямон нисбати назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир осонтар мешавад. Эҳтимол баъди идҳои моҳи май сардори хадамоти муҳоҷиратро таъин намоем ва ба зудӣ ба пурракунии ҳайати коргарони ин ниҳод шурӯъ хоҳем кард",-гуфт ӯ ба рӯзноманигорон.

Аввали моҳи апрел президенти ФР Владимир Путин Хадамоти федералии муҳоҷирати Русияро ҳамчун ниҳоди мустақил барҳам дода, ба воҳиди зертобеи Вазорати корҳои дохилии Русия табдил дод ва ҳамчунин дар асоси нерӯҳои дохилӣ ва воҳидҳои вижаи ВКД сохтори нав- Гвардияи миллӣ таъсис намуд.

 

Лентаи хабарҳо
0