ХФМ: муҳоҷирони гурезпо барои ҳамеша аз вуруд ба Русия маҳрум мешаванд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкОвезаи ХФМ Русия. Акс аз бойгонӣ
Овезаи ХФМ Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти муҳоҷирати Русия давоми як соли ахир вуруди муҳоҷиронеро ба қаламрави ин кишвар барои як умр манъ мекунанд, ки онҳоро ихроҷ таҳдид кардаву аз боздоштгоҳҳои муваққат фирор менамоянд.

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Масъулини Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия тақрибан вуруди 500 шаҳрванди хориҷиро ба қаламрави ин кишвар барои абад манъ кардаанд, ки аз боздоштгоҳҳои муваққат фирор кардаанд, иттилоъ медиҳад, дафтари матбуоти ин ниҳод.

Ҷаласаи додгоҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳоми “роҳандозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ” ба ду муҳоҷири тоҷик

Манбаъ афзудааст, ки вуруди бархе аз муҳоҷирон ба қаламрави Русия барои нақзи қонуни муҳоҷирати ин кишвар ба муҳлати аз 3 то 10 сол манъ карда мешавад. Ҳоло наздик ба 1,5 миллион шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ муваққатан аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳруманд. Аз соли 2014 Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия бархе аз онҳоро барои як умр аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум мекунад. Ин ниҳод мегӯяд, афроде барои як умр аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мешаванд, ки онҳоро ихроҷ ба ватан таҳдид мекунаду аз боздоштгоҳҳои муваққат фирор мекунанд.

"Баъзе аз ҳолатҳое мешавад, ки муҳоҷирон бояд ба ватанашон ихроҷ карда шаванд, вале онҳо аз боздоштгоҳи муваққати ниҳоди мо фирор мекунанд ва барои ҳамин вуруди онҳо ба қаламрави Русия барои як умр манъ карда мешавад ва ҳоло шумори онҳо ба 500 нафар мерасад", — таъкид кардааст манбаъ.

Масъулини Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия меафзоянд, ки аксари ин муҳоҷирон аз беморхона ё дармонгоҳҳо мегурезанд. Зеро барои онҳо гурез аз ин маконҳо хеле осон асту барои ҳамин бештари вақт аз саломатии худ баъд аз боздошт шикоят мекунанд.

Давоми соли 2014 ба боздоштгоҳҳои муваққати Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, ки ҳоло дар 77 шаҳру навоҳии ин кишвар таъсис ёфтааст, наздки ба 38 ҳазор нафар оварда шудааст. Аксари онҳо ҳоло ба ватани худ ё аз кишваре, ки ба Русия омадаанд, ихроҷ шудаанд. Дар бештари маврид чиптаи онҳо аз ҳисоби худ ё хешовандонашон харидорӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0