ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Украина тасмим дорад, дар сохтмони роҳи иқтисодии "Абрешим" иштирок намуда, ҳамкориҳои худро бо Чин дар соҳаҳои гуногун тақвият диҳад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба изҳороти вазири корҳои хориҷии Украина Павел Климкин.
Дар ин бора ӯ аснои мулоқот бо вазири ВУХ-и Чин, Ван И дар Пекин хабар дод.
"Украина омода аст муносибатҳои ҳамаҷонибаро бо Чин рушд диҳад, талошҳои ин кишварро дар ҳифзи истиқлолият ва амнияти минтақа дастгирӣ намуда, умед дорад дар бунёди роҳи бузурги Абрешим ширкат кунад",- мегӯяд вазорати умури хориҷии Чин аз суханони вазири корҳои хориҷии Украина.
Климкин ҳамчунин қайд намуд, ки Украина мехоҳад ҳамкориҳои худро бо Чин дар доираи ташкилотҳои СММ, Ҷаласа оид ба ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё ва дигар сохторҳои гуногунҷабҳа тақвият диҳад.
Ван И дар навбати иброз дошт, ки Чин омода аст ҳамкориҳоро бо Украина дар ҳамаи соҳаҳо рушд диҳад. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки дар ҳалли масъалаи Украина ба татбиқи пурраи созишномаи Минск умед дорад. Ба қавли Ван И, Чин тайёр аст дар ҳалли масъалаи Украина нақши созанда дошта бошад.
Қаблан ВКХ-и Украина иттилоъ дод, ки Павел Климкин бо Ван И масъалаи низоми бераводиди байни ду кишварро баррасӣ карданд.