Путин ба Чин эътимод дорад ва ба Пекин меравад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезиденти Русия Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ
Президенти Русия Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Федератсияи Русия иброз дошт, ки бо раҳбари Чин “вохӯрии дӯстона” доир хоҳад кард, ба қавли ӯ, Маскав муносиботи ҳасанаро бо Пекин тақвият хоҳад бахшид ва авлавиятро қоил аст.

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik.  Президенти Русия Владимир Путин иттилоъ дод, ки тобистони соли равон нақша дорад, аз Чин боздид кунад.

"Нақша дорам тобистони ҳамин сол аз Чин боздид намоям. Ва умед дорам, ки бо роҳбари ҷумҳурии мардумӣ мулоқоти  дӯстонаи мутақобилан судманд, ки дар ҳақиқат ҳам муносибатҳои хуби тиҷоратӣ ва ҳам муносибатҳои гарми дӯстона дорем, анҷом диҳам",-изҳор дошт Владимир Путин чанде қабл дар вохӯрӣ бо вазири умури хориҷии Чин Ван И.

Сарвари Кремл аз вазири чинӣ хоҳиш кард, ки таманниёти неки ӯро ба раиси давлати Чин расонад.

Оқои Путин гуфт, вай аз муҳтавои музокироти  вазири умури хориҷии Чин Ван И бо ҳамтои русаш Русия Сергей Лавров бохабар аст. Раисиҷумҳури ФР иброз дошт, ки Маскав ба муносибатҳои Русия ва Чин баҳои баланд медиҳад ва дар заминаи ин ҳамкориро дар сатҳи байналмиллалӣ дар бахшҳои иқтисоду гуманитарӣ тақвият хоҳанд дод.

Лентаи хабарҳо
0