Кӯшиши қочоқи сигор аз Қирғизистон ба ҶТ ҷилавгирӣ шуд

© Sputnik / Александр Мазуркевич / Гузариш ба медиабонкМарзи муштарак ва тафтишгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Марзи муштарак ва тафтишгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Хадамоти гумрук ҳангоми тафтиши автомашина 300 қуттӣ сигори навъи “Полет”-ро дарёфт карданд, ки аз Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол ёфта буданд.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони Хадамоти гумрук як кӯшиши гузаронидани сигорро пешгирӣ карданд, иттилоъ медиҳад, Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар  дидбонгоҳи "Қизил-Арт",  дар натиҷаи тафтиши автомобили тамғааш "Митсубиши Падҷеро" кормандони Хадамоти гумрук аз қочоқи 300 қуттӣ сигори истеҳсоли Қирғизистон пешгирӣ карданд.

Маълум шуд, ки ин миқдор сигорро қочоқчӣ мехост ба таври ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ворид созад.

Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.     

Лентаи хабарҳо
0