Ду садама дар Ҳамадонӣ ва Душанбе боиси марги ду нафар гардидааст

© Sputnik / Илья ПиталевСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи гузашта дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ва пойтахти кишвар бар асари садамаҳо ду нафар ҷони худро аз даст додаанд.

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар пайи садамаҳои нақлиётӣ, ки дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҳамадонӣ ба вуқӯъ пайвастанд, ду сокини кишвар ҷон бохтаанд, менависад сомонаи расмии Вазорати умури дохилӣ.

Роҳи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ду қурбонӣ дар садамаҳо. Пас аз боришот
 

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи гузашта сабукрави тамғаи "Опел-Астра", ки аз ҷониби сокини 31-солаи ноҳияи Рӯдакӣ идора карда мешуд, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Неъмат Қарабоев ба самти кӯчаи Шестапалови шаҳри Душанбе як зани 24-сола, сокини пойтахтро пахш намудааст.

Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, дар ин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи "ДЭУ-Сиело", сокини 30-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ, ки қаблан бо моддаи 201, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти тут бархурдааст.

Дар пайи ин садама, мусофири автомашинаи мазкур, зани сокини 57-солаиноҳияи Ҳамадонӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дигари он бо ҷароҳати сангин ба бемористон интиқол ёфтааст.

 

Лентаи хабарҳо
0