ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Ҳодисаҳои нохуш, ки дар пайи борони сахт дар рӯзҳои аввали моҳи апрел рух доданд, боиси марги 2 нафар гардида, 2 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД.
Ба қавли манбаъ, дар пайи боришоти зиёд, марди 35-сола, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо автомашинаи "Мерседес-Бенс" аз теппаҳои деҳаи Тераки Токи ҷамоати деҳоти Тугаланг ба чуқурии 196 метр сарозер шудааст.
"Дар натиҷа, ронандаи автомашина ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст",- омадааст дар хабари ин ниҳод.
Ба ҳамин монанд, рӯзи 2 апрел дар назди нақби Шаҳристон аз куҳ сангпора фаромада, ба қисми чапи "Мерседес-Бенс", ки таҳти идораи сокини 62-солаи шаҳри Исфара аз Хуҷанд ба Душанбе ҳаракат мекардааст, бархӯрдаст.
Бар асари ин ҳодиса мусофири автомашинаи мазкур писарбачаи 4-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофирони дигар — занони 24-сола ва 31-сола, сокинони ноҳияи Шаҳристон дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Қаблан обуҳавошиносон аз борону тармафароӣ дар Тоҷикистон огаҳӣ дода, сокинонро аз сафар ба манотиқи куҳӣ ҳушдор дода буданд.