ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Ҷабҳа ан-Нусра"(мамнӯъ дар Тоҷикистон) қувваҳои худро ба ноҳияҳои шимолу шарқии вилояти Латакия равона менамоянд, иттилоъ дода мешавад рӯзи душанбе дар торномаи Вазорати мудофиаи ФР аз номаи маълумотии Маркази оштӣ дар Сурия.
"Тибқи маълумоте, ки аз ҷониби шаҳрвандони маҳаллӣ ба Маркази оштии Сурия гуфта шудааст, гурӯҳи террористии "Ҷабҳа ан-Нусра" ба равона намудани ҳамлаҳо ба ноҳияҳои шимолу шарқии Латакия идома дода истодааст",-омадааст дар иттилоия.
Дар баробари ин ҷангиён ду маротиба дар вилояти Идлиб ба сӯи нуқтаи аҳолинишини Фуаа аз миномёт оташ кушоданд. Ҳамчунин тибқи маълумоти агентӣ корҳои барқароркунӣ идома доранд. Дар давоми як шабонарӯз аз ҷониби гурӯҳи сохтмончиён ва роҳсозон дар шаҳри Ал-Картейни деҳаи Хомс 12 метр кӯча аз харобаҳо тоза гардида, як бино барқарор карда шуд. Сапёрон 100 метр роҳро аз минаҳо, ки ҷангиён ҳангоми ақибнишинӣ гузошта буданд, тоза карда бехатар гардониданд.
Низоми оташбас дар Сурия рӯзи 27-уми феврал эълом шуда буд. Созиш ба гурӯҳҳои дар Тоҷикистон ва дигар мамолики ҷаҳон мамнӯъ чун "Давлати Исломӣ", "Ҷабҳа ан-Нусра" (воҳиди Суриягиаш "Ал-Қоида") ва дигар созмонҳои тундрав, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ ҳамчун гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дониста шудаанд, дахл надорад.