Дар Димишқ қурбонии ҳамлаи террористӣ гардиданд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкШаҳри Димишқ, Сурия. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Димишқ, Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Террористон мошини бомбадорро дар назди гузаргоҳи ноҳияи Сайид Зайнаб, ки қисми зиёди сонинонашро пайравони шохаи шиъа ташкил медиҳанд, дар Сурия таркониданд. Чор мошин пурра таркида сӯхтанд, маҷрӯҳшудагон низ ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Бар асари ҳамлаи террористӣ дар ҷануби Димишқ  8 шаҳрванди осоишта ба ҳалокат расиданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба Салиби сурхи Сурия.

Бино ба иттилоъи манбаъ террористон дар ноҳияи Сайид Зайнаб мошини бомбадорро тарконидаанд.

Парчами Давлати исломӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ифшои ному насаби ҳазорон ҷангии "Давлати исломӣ"

"Дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар гузаргоҳи Сайид Зайнаб 10 нафар ҷон бохта, 20 шаҳрванди дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бистарӣ гардиданд",-гуфт корманди Салиби сурх.

Дар охири моҳи феврал дар қаламрави ноҳияи Сайид Зайнаб, ки қисми зиёди сокинони минтақаро мусулмонони шохаи шиъа ташкил медиҳанд, якқатор ҳамлаҳои террористӣ анҷом дода шуданд, ки дар натиҷаи онҳо 75 нафар ҳалок гардида, наздики 200 нафар захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамлаҳоро гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба дӯш гирифт.

Лентаи хабарҳо
0