Аз Душанбе то Бадахшон: дар ҷустуҷӯи Воскерчян

© SputnikОромгоҳи геологи шӯравӣ Дионис Саркисович Воскерчян дар деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ (ВМКБ)
Оромгоҳи геологи шӯравӣ Дионис Саркисович Воскерчян дар деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ (ВМКБ) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин баландӣ, ки қаблан бо номи “Лӯлаҳо” ёдаш кардем, мадфани геолог бо исми Дионис Саркисович Воскерчян (1920-1945) дар паҳлӯи қабристони ҷадиди русто ҷойгир аст. Аз навиштаҷоти лавҳаи ёдгорӣ бармеояд, ки ӯ 70 сол пеш дар ин ҷо ба хок супурда шудааст, аммо аз сарнавишташ маълумоти аниқу дақиқ рӯи даст нест.

Агар як "рухдоди кӯчак"-ро, ки қабл аз сафарам ба Бадахшон дар Душанбе ба вуқӯъ пайваст бароятон нақл накунам, сафардидаҳоям, аниқтараш соатҳои аввали он нокомил менамоянд. Суханро ба дарозо намекашам ва онро дар зер бароятон қисса хоҳам кард.  

Нозири роҳ, ки ба назари ман бояд "табиб" мебуд
Субҳи барвақти яке аз рӯзҳои охири  моҳи сентябри Душанбе буд. Шаб қариб то саҳар нахобидам, анҷому асбоби сафарро ба Бадахшон омода кардам. Гузашта аз ин, ёдҳои беғаш аз даврони бачагӣ ва айёми наврасӣ маро андармон сохтанду чӣ тавр дамидани рӯзи навро нафаҳмида мондам.Вақте аз хона мебаромадам, ҳанӯз пеши поям торик буд, ба қавле дар он ҳангом ҷавро аз гандум фарқ кардан имкон надошт.

Зуд сари чанбараки худрав нишастам ва барои гирифтани ашёи фармоишшуда ба маркази шаҳр раҳсипор гардидам. Аз дур дар сари чорроҳа нозири БДА-ро дидам, ки ба мобайни ҷода баромада, ишораи манъ карданро медиҳад.

Вақте муҳаррики мошинро хомӯш мекардам, аллакай раҳбон даст дар чаккаи сар назди дари худрав ҳозир шуда, ба ҷои салому шиносондани худ ва сабаби тафтиш аз аҳволи саломатиам пурсон шуд.

— Соз астӣ, саломатиҳо хубанд?,- рост ба чашмонам нигариста суол кард ӯ.

— Нафаҳмидам,- посух додам ман.

— Чароғҳои мошинат рӯшан аст,-бадоҳатан гуфт ӯ.

— Бошад, он чӣ рабте ба саломатии ман дорад?

— Ҳеч… забон хоид нозири роҳ ва илова кард, "роҳи сафед".

Вақте савори худрав мешудам, шунидам, ки аз пуштам бо овози паст мегуфт: "Аз ҳама муҳимаш саломатиатонро эҳтиёт кунед".

Хаёлан дар роҳи боқимонда ва то имрӯз ҳам ба мантиқи амали нозир дар он лаҳза меандешам, аммо ҳанӯз дарк накардам, ки ӯ чӣ мехосту чаро чунин иттифоқе аҷиб байни мо уфтод. Магар ин ки ба худии худ онро ба таври зайл хулоса кардам:

"Шояд дар интихоби касб иштибоҳ карда, ба ҷои духтур шудан раҳбониро ихтиёр намудааст".

Ба ҳар ҳол, ҳамин ҷавоб ба суоли худам ба зеҳнам омад, на чизе бештар аз он… 

Роҳи дароз, ки кӯтоҳ ба назар мерасад

Ба зиёрати волидайн рафтани фарзанд дар ҷомеъаи шарқӣ ҳам фарзу ҳам суннат маҳсуб меёбад, ҳарчанд дар дигар гӯшаву канори дунё низ ин расм шояд побарҷост. Аммо дар мо, хосатан дар Тоҷикистон фикр мекунам, он ба гунае дигар, зеботару гуворотар аз ҳар нуқот роиҷ аст.

Барои банда, ки тайи бисту шаш соли ахир дар дуриҳои дур аз зодгоҳам- ноҳияи Ванҷи Бадахшон, дар маркази пойтахт аз чашми падару модари меҳрубон ба сар мебарам, лаҳзаи мувофиқ пайдо кардану ба дидори онҳо расидан баробар ба ҷашн аст, ид аст, иде, ки дар тасвираш қалам оҷиз мемонад.

Шояд дарк кардед, ки чаро чунин мегӯям? Бале, дуруст фаҳмидед, кам не, ғам не, масофаи роҳ аз Душанбе то Поймазор, рустои зодгоҳам, ки дар подомани бузургтарин пиряхи Тоҷикистон- Федченко ва қуллаи осмонбӯси Исмоили Сомонӣ (собиқ қуллаи Коммунизм) ҷойгир мебошад, беш аз 500 километрро ташкил медиҳаду тариқи нақлиёт бояд 18-20 соат беист ҳаракат кунед…

Муҳаббати волидайн ва ишқи диёр чунон аст, ки ҳатто дурии роҳу мушкилоти сафар дар пас аз расидан ба дидори азизони дил як они воҳид пушти сар мешаванд, чун хоби лаҳзаӣ…

© SputnikДеҳаи Поймазор воқеъ дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшони Кӯҳӣ
Деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷи Бадахшон. - Sputnik Тоҷикистон
Деҳаи Поймазор воқеъ дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшони Кӯҳӣ

Ҳарчанд дар роҳ мижа таҳ накарда бошам ҳам, аснои вуруд ба марзи деҳа дар саҳари солеҳон худро бардаму тозанафас эҳсос мекардам.Ҳанӯз аз мошин пойин нашуда, Барс, саги вафодори хона ба пешвозам. Ҳамроҳамро сар-сарӣ бӯ кашида, бо ҳаракати ба худ хос ба ман наздик шуду дум ҷунбонда, бо ҳар ду пой рост истода, дастонашро ба китфам партофт. Шояд ин лаҳзаҳо ҳайвони безабон, аммо дар айни ҳол баақлу хеле вафодор  маро ба макони хуни нофам рехта ва зодбумам  "хуш омадед" мегуфт…

Сонияе баъди ин падару модари азизамро, ки  ба оғӯш гирифтам, кулли дунёро фаромӯш кардам. На дигар кӯфти роҳ боқӣ монду на осоре аз хастагӣ…

 "Гӯри урус"- оромгоҳи геолог дар Поймазор

Дар зодгоҳам — деҳаи Поймазор маконест бо номи "Лӯлаҳо". Ин мавзеъ дар баландии лаби ҷар мавзеъ дораду аз он ҷо деҳа чун дар кафи даст менамояд.

Агар шахс каме кунҷкоб бошад, аз ин нуқта дараи Ғармо- роҳи бобоӣ ҷониби водии Вахё, лозури Кашолаях (забонаи пиряхи Федченко), қуллаи Исмоили Сомонӣ ва дараи Гӯгирду сангови паҳновари Ванҷро наззора карда метавонад.

Аммо сабаби ба ин макон рафтани ман ин дафъа дигар чиз буд.

© SputnikЛавҳаи ёдгорӣ дар сари қабри геологи шӯравӣ- Дионис Саркисович Воскерчян
Табличка на могиле Диониса Воскерчяна в селе Поймазор (ГБАО) - Sputnik Тоҷикистон
Лавҳаи ёдгорӣ дар сари қабри геологи шӯравӣ- Дионис Саркисович Воскерчян

Дар ин баландӣ, ки қаблан бо номи "Лӯлаҳо" ёдаш кардем, мадфани геолог бо исми Дионис Саркисович Воскерчян (1920-1945) дар паҳлӯи қабристони ҷадиди русто ҷойгир аст. Аз навиштаҷоти лавҳаи ёдгорӣ бармеояд, ки ӯ 70 сол пеш дар ин ҷо ба хок супурда шудааст, аммо аз сарнавишташ маълумоти аниқу дақиқ рӯи даст нест.

Аз мӯсафедону солмандони деҳа, ки синнашон аз ҳафтод боло аст, дар ин бора суол кардам. Фақат ду нафар- Гул Мирзоеви кӯҳкани 78-сола ва Маҳмуд Хоҷаеви дар гузашта агроном, ки ҳоло 75 сол дорад каму беш маълумот ироа карда тавонистанду бас.

Маълум гардид, ки Дионис пас аз хатми донишгоҳ аз Қафқоз ва ё аз кадом минтақаи Русия ба Помир ба ҷустуҷӯи кони булӯри кӯҳӣ сафарбар мешавад. Дар аввали солҳои чилуми садаи 20 ва то авохири солҳои 80-ум дар ИҶШС (СССР) истифодаи васеъи булӯр ҳамчун таҷҳизоти вижа дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла радиоэлектроника, кимиё ва кайҳон роиҷ буд.

Аз ин рӯ, таваҷҷӯҳи Вазорати геологияи СССР ба ин мавзеъ ва сарватҳои зеризаминии он зиёд буд. То ҳанӯз нақбу шахтаҳои зиёд, инфрасохтор ва конҳои кашфшудаву нимакоркардшуда дар гирду атрофи деҳа зиёданд.

Хулоса, ба пояи  ривояти солмандон, ӯ дар 18 километрии деҳаи Поймазор, дар дараи мавсум ба Дасти рост аснои баромадан ба қуллаи Булӯр (пик. Квартс) дар шахе банд мемонад.  Дигар имкони на ба боло ва на ба чапу рост ҳаракат карданро меёбад ва пас аз кӯшиши зиёду бенатиҷа ба пойин сарозер мешавад.

Гурӯҳи кӯҳнавардони кашшоф баъди чанд муддат ҷасади беҷони Дионисро пайдо карда, ба Поймазор меоранд ва он ҷо дафн менамоянд.

Воскерчян- арманӣ ё осетинӣ?

Ҳанӯз баҳс миёни сокинони русто дар мавриди ҳуввияти геолог Дионис Воскерчян "гарму доғ" аст. Яке мӯътақид аст, ки Дионис арманӣ буд, дигаре пофишорӣ дорад, ки ин геологи ҷавонмарг, ки макони охираташро дар подомани кӯҳистони Ванҷ дарёфтааст, аз Осетия омадааст. Гурӯҳи дигар миллати ӯро рус медонанд, ҳарчанд насабаш арманӣ ба назар менамояд…

РS: Шояд ҳамкоронамон аз Sputnik Арманистон ва ё Sputnik Осетия дар ин маврид иттилоъ меёбанд? Суолест матраҳ…

Лентаи хабарҳо
0